ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Яке аз ҳадафҳои ин иқдоми Пешвои миллат таъмини корхонаҳои саноатии маъдани Тоҷикистон бо ашёи хоми ватанӣ эълон шудааст

Январь 22, 2022 10:09

ДУШАНБЕ, 22.01.2022./АМИТ «Ховар»/. Яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи иқтисодиёти Тоҷикистон- ин таъмин намудани корхонаҳои саноатии маъдани кишвар  бо ашёи хоми ватанӣ ва захираҳо мебошад. Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ, ки 93% ҳудуди онро кӯҳҳо   ташкил медиҳанд, дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ, амсоли металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ангишт, намак, маводи сохтмон ва ғайра мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди бештари иқтисодиёт, зиёд намудани корхонаҳои саноатӣ ва таъмин намудани корхонаҳои саноатии маъдани кишвар  бо ашёи хоми ватанӣ панҷсолаи рушди саноат эълон намуданд.  Дар ин бора муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимаҳмуд АЛИЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин изҳор намуд:

— Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳудуди Тоҷикистон бо аксбардории геологии майдамиқёс ва миёнамиқёс пурра фаро гирифта шуда, аксбардориҳои геологии калонмиқёс аз 3,1 то 41,5 фоизро ташкил медиҳанд. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки имконияти кушодани конҳои нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд аст.

Дар Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, ягон соҳаи хоҷагии халқи мамлакат аз  мадди назар дур намонда,  дар ҳама самтҳо таҳлилҳои дақиқ  пешниҳод карда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои асосии иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар сӣ соли истиқлолият таҳлилу баррасӣ намуда, ба рушди соҳаи саноат аҳамияти махсус зоҳир намуданд. Пешвои миллат, аз ҷумла зикр намуданд, ки «бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимову иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла  раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд».

Ин пешниҳоди Сарвари давлат хеле муҳим ва саривақтӣ буда, ба амалигардонии ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд. Инчунин имкон медиҳад, ки даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил шуда, сатҳи зиндагии мардум баланд гардида, муҳимтар аз ҳама, сатҳи вобастагии корхонаҳои саноатии кишвар  аз ашёи хоми воридотӣ паст карда шавад.

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар баробари корҳои аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯӣ ва иктишофи геологӣ ҷиҳати кашф ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки сахт, инчунин корҳои гидрогеологӣ, геологияи муҳандисӣ ва геоэкологиро иҷро менамояд. Ин корҳо аз пешбурди кадастри давлатии обҳои зеризаминӣ, омӯзиши низом ва ченкунии сатҳи онҳо, ошкор намудани минтақаҳои зоҳиршавии равандҳои хатарноки экзогенӣ ва миқёси зарари онҳо, омӯзиши майдонҳои партовгоҳҳо ва хоктӯдаҳои ҷинсҳои кӯҳӣ иборат мебошанд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи геология таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд, сол ба сол маблағгузории корҳои иктишофӣ-геологӣ аз ҷониби давлат зиёд мешавад, то ки ин соҳаи муҳими хоҷагии халқ рушду равнақ ёфта, ба баландравии сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд. Дар ин ҷода махсусан саҳми роҳбарияти олии кишвар –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Ба таъкиди Президенти кишвар, айни замон дар шароити соҳибистиқлолӣ иқтисодиёти кишварро бе ташкили корхонаҳои калони саноатии коркардкунандаи ашёи минералӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Тоҷикистон кишвари истеҳсолкунандаи тилло, нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, намаки ошӣ, маводи аграриву сохтмонӣ, сангҳои қиматбаҳо ва дигар сарватҳои зеризаминӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода хизмати геологҳои мамлакат басе калон аст.

Имрӯзҳо маҳз дар доираи захираҳои ашёи минералии  маҳаллӣ, ки аз тарафи кормандони соҳаи геология ҳисобӣ ва ба тавозуни давлат гузашта шудаанд, корхонаҳои хурду бузурги саноати маъдани кишвар арзи ҳастӣ менамоянд. Аз ҷумла, КМ “Зарафшон” дар коркарди маҷмӯии конҳои тиллои Тарор, Ҷилав, ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар конҳои тиллои Кумарғи боло ва Дуобаи Шарқӣ, ҶСП “Талко Голд” дар гурӯҳи конҳои маъдании Кончоч, ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноати Тоҷикистону Хитой” дар кони сурбу руҳи Зарнисор ва чандин дигар корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоли маводи сохтмонии гуногун таъйиноти канданиҳои фоиданоки маъмул ба шумор мераванд.

Дар доираи татбиқи ҳадафи чорум- саноатикунонии босуръат, истиқболи ҷашни миллӣ- 30 –солагии Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат садҳо корхонаҳои саноатӣ бунёд гардиданд. Барои фаъол гардонидани кори ин корхонаҳо ашёи хоми худӣ зарур мебошад. Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои бузурги ҷаҳон аст, ки захираи бойи маъданиву ғайримаъданӣ дорад.

Имрӯз барои эҳтиёҷоти корхонаҳои ватанӣ баъзе намудҳои ашёи хом аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд. Боварӣ дорем, ки дар Солҳои рушди саноат корҳои омӯзиши геологӣ вусъат меёбанд. Эълон гардидани Солҳои рушди саноат кормандони мақомоти геологияро вазифадор менамояд, ки дар кашф ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки сахт бештар заҳмат кашанд. Зеро мавриди истифода қарор додани имконияту захираҳои дохилӣ ба рушди соҳаи саноат замина мегузорад. Инчунин корхонаҳои саноатии мамлакат аз вобастагӣ ба воридоти ашёи хом пурра раҳо шуда, ба шароиту имконияти содиротӣ ноил мешаванд.

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол мутобиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”   фаъолият намуда, сиёсати давлатиро дар идора, танзими омӯзиши геологии қаъри замин ва истифодаи оқилонаи захираҳои ашёи минералӣ амалӣ намуда истодааст.

Ҳадафи Барнома татбиқи сиёсати давлатӣ дар муайян намудани самтҳои асосии омӯзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, назорати равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ  ва гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисобот (кодекси JORC ва қолаби CRIRSCO) ва ҳисоби захираҳо бо истифода аз барномаҳои муосири компютерии кӯҳӣ-геологӣ мебошад.

Иҷрои барномаи мазкур имкон медиҳад, ки корхонаҳои саноати кӯҳии амалкунанда бо захираҳои ашёи минералӣ таъмин гарданд ва иқтидорҳои нав, бо дарназардошти таъмини рушди мунтазами соҳаи коркарди канданиҳои фоиданок сохта шаванд.

Роҳбарияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи Солҳои рушди саноат нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, кӯшиш менамоянд, ки корхонаҳои саноатии кишварро бо захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ таъмин намуда, барои амалӣ гардидани  ин ҳадаф тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Январь 22, 2022 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад
РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд
Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»