ПОСДОРОНИ СУЛҲИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН БАРОМАДАНД. Онҳо курсантҳои тоҷикро, ки барояшон вақти таътил аст, бо худ гирифтанд

Январь 14, 2022 11:08

ДУШАНБЕ, 14.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Воҳидҳои посдори сулҳи СААД аз Арманистон, Беларус, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз Қазоқистон баромада, ба макони истиқрори доимии худ равон гардиданд. Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, дар ин бора имрӯз ТАСС аз маҳалли ҳодиса хабар додааст.

Воҳидҳои Арманистон мошинҳо ва ҳайати шахсии худро ба се ҳавопаймои низомии нақлиётии Ил-76-и Неруҳои ҳавоии Русия бор карда, аз фурудгоҳи Алмаато парвоз карданд.

Даҳ ҳавопаймо бо неруҳои посдори сулҳи СААД-и Ҷумҳурии Беларус бо анҷом додани борбардорӣ аз фурудгоҳи Житиген ба вилояти Минск парвоз карданд.

Дар навбати худ низомиёни тоҷик бо як ҳавопаймои Ил-76-и Русия аз фурудгоҳи Алмаато парвоз карданд. Дар ҳавопаймо ҳамроҳ бо низомиёни Тоҷикистон як гурӯҳи 31-нафараи курсантҳои Донишкадаи ҳарбии неруҳои хушкигарди Қазоқистон дар  рӯзҳои таътил ба Ватан рафтанд. Ситоди амалиёти СААД дар ҳамин муассисаи таълимӣ ҷойгир буд.

Посдорони сулҳи Қирғизистон аз ҳудуди  ТЭС-2-и Алмаато, ки онро посбонӣ мекарданд, бо корвони мошинҳо ба сӯи сарҳади давлати худ равон шуданд. Онҳо бояд қариб 250 километр масофаро тай кунанд, то ба хоки Қирғизистон расанд.

Тибқи қарори Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, ки 6 январи соли 2022 қабул шуда буд, неруҳои дастҷамъии посдори сулҳи СААД барои  ба эътидол овардани вазъ дар як муддати кӯтоҳ ба Қазоқистон фиристода шуданд. Ба ин гурӯҳ воҳидҳои неруҳои мусаллаҳи Русия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон шомиланд. Вазифаи асосии воҳидҳои  русиягӣ  аз он иборат буд, ки иншооти асосии стратегиро дар  вилояти Алмаато ҳифз намоянд.

13 январи соли 2022 хуруҷи тадриҷии неруҳои посдори сулҳ аз қаламрави Қазоқистон оғоз шуд, ки чанд рӯз идома меёбад. Ба иттилои Вазорати мудофиаи  Русия, нахустин воҳидҳои десантчиёни рус аз неруҳои посдори сулҳи СААД рӯзи панҷшанбе бо чаҳор ҳавопаймои Ил-76МД аз Қазоқистон ба Федератсияи Русия баргаштанд.

ДАР АКС: посдорони сулҳи Тоҷикистон. Аксҳо аз манбаъҳои боз

Январь 14, 2022 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд