ПОСДОРОНИ СУЛҲИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН БАРОМАДАНД. Онҳо курсантҳои тоҷикро, ки барояшон вақти таътил аст, бо худ гирифтанд
ДУШАНБЕ, 14.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Воҳидҳои посдори сулҳи СААД аз Арманистон, Беларус, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз Қазоқистон баромада, ба макони истиқрори доимии худ равон гардиданд. Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, дар ин бора имрӯз ТАСС аз маҳалли ҳодиса хабар додааст.
Воҳидҳои Арманистон мошинҳо ва ҳайати шахсии худро ба се ҳавопаймои низомии нақлиётии Ил-76-и Неруҳои ҳавоии Русия бор карда, аз фурудгоҳи Алмаато парвоз карданд.
Даҳ ҳавопаймо бо неруҳои посдори сулҳи СААД-и Ҷумҳурии Беларус бо анҷом додани борбардорӣ аз фурудгоҳи Житиген ба вилояти Минск парвоз карданд.
Дар навбати худ низомиёни тоҷик бо як ҳавопаймои Ил-76-и Русия аз фурудгоҳи Алмаато парвоз карданд. Дар ҳавопаймо ҳамроҳ бо низомиёни Тоҷикистон як гурӯҳи 31-нафараи курсантҳои Донишкадаи ҳарбии неруҳои хушкигарди Қазоқистон дар рӯзҳои таътил ба Ватан рафтанд. Ситоди амалиёти СААД дар ҳамин муассисаи таълимӣ ҷойгир буд.
Посдорони сулҳи Қирғизистон аз ҳудуди ТЭС-2-и Алмаато, ки онро посбонӣ мекарданд, бо корвони мошинҳо ба сӯи сарҳади давлати худ равон шуданд. Онҳо бояд қариб 250 километр масофаро тай кунанд, то ба хоки Қирғизистон расанд.
Тибқи қарори Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, ки 6 январи соли 2022 қабул шуда буд, неруҳои дастҷамъии посдори сулҳи СААД барои ба эътидол овардани вазъ дар як муддати кӯтоҳ ба Қазоқистон фиристода шуданд. Ба ин гурӯҳ воҳидҳои неруҳои мусаллаҳи Русия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон шомиланд. Вазифаи асосии воҳидҳои русиягӣ аз он иборат буд, ки иншооти асосии стратегиро дар вилояти Алмаато ҳифз намоянд.
13 январи соли 2022 хуруҷи тадриҷии неруҳои посдори сулҳ аз қаламрави Қазоқистон оғоз шуд, ки чанд рӯз идома меёбад. Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, нахустин воҳидҳои десантчиёни рус аз неруҳои посдори сулҳи СААД рӯзи панҷшанбе бо чаҳор ҳавопаймои Ил-76МД аз Қазоқистон ба Федератсияи Русия баргаштанд.
ДАР АКС: посдорони сулҳи Тоҷикистон. Аксҳо аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид






