Раҷа Рандхир Сингҳ Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати интихоб шуданашон ба вазифаи Президенти КМО Тоҷикистон табрик намуд
ДУШАНБЕ, 21.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати маротибаи навбатӣ ба вазифаи Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва интихоби аъзои нави Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, аз ҷумла ноибони Президент Абдулло Раҳмонзода ва Дилшод Назаров, котиби генералӣ Муҳаммадшо Абдуллозода аз ташкилотҳои гуногуни ҳаракати олимпӣ номаҳои табрикӣ ворид мегарданд. Паёми шодбошии иҷрокунандаи вазифаи Президенти Шӯрои олимпии Осиё Раҷа Рандхир Сингҳ ба унвони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи ин номаҳои табрикист. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи Президенти Шӯрои олимпии Осиё Раҷа Рандхир Сингҳ ба унвони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла чунин омадааст: «Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрикоти самимии маро ба муносибати дубора интихоб шуданатон ба вазифаи Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 дар Ассамблеяи генералӣ, ки 28 декабри соли 2021 баргузор гардид, қабул фармоед.
Итминон дорам, ки боварии дигарбораи Ассамблеяи генералӣ ба Шумо — Ҷаноби Олӣ барои пешбурди минбаъда ва рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бузург хоҳад дошт. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон шарики бузурги Шӯрои олимпии Осиё буда, боварӣ дорам, ки аз нав интихоб шудани Шумо ба ин мақом ин дӯстиро боз ҳам мустаҳкамтар мегардонад. Ба Шумо дар корҳоятон барору комёбӣ таманно дорам ва ман шуморо ба дастгирӣ ва дӯстии доимии Шӯрои олимпии Осиё бовар мекунонам».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






