ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ — ИНТИХОБИ МО! Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи нави рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро тасдиқ намуд

Январь 12, 2022 11:19

ДУШАНБЕ, 12.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 декабри соли сипаригардида Барномаи нави давлатии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ намуд. Барномаи мазкур шурӯъ аз  январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифт.

Барнома, ки дар ихтиёри АМИТ «Ховар» қарор дорад, баҳри рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, намудҳои гуногуни варзиш ва таъсиси шароити варзишӣ таҳия гардида, идомаи мантиқии «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» мебошад.

Варзиш яке аз воситаи беҳтарини таҳкими дӯстӣ миёни инсонҳо ва кишварҳои чаҳон буда, чун омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқияту миллатҳо, инчунин кишварҳои гуногуни чаҳон хизмат мекунад.

Ба ин хотир соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, омодасозии варзишгарони касбии тоҷик ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Варзиши муосир дар ҷаҳон рушди бемайлон дошта, ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус ба омода намудани мутахассисони дорои усулҳои нави корӣ зоҳир мегардад. Дар айни замон варзиши тоҷик норасоии мутахассисони баландихтисосро эҳсос менамояд. Дар ҷумҳурӣ норасоии мутахассисон, аз ҷумла равоншиносони варзишӣ эҳсос мегардад ва хизматрасони тиббии варзишӣ тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст.  Диспансерҳои миллии варзишии тиббӣ амал намекунанд. Ҳарчанд ки дар минтақаҳо ва пойтахт марказҳои диспансерӣ фаъолият дошта бошанд ҳам, онҳо ба талаботи тибби варзишии муосир ҷавобгӯ нестанд, зеро бо мутахассисон-табибони варзишӣ таъмин нашудаанд.

Дар баробари ин, мушкилот дар самти боз ҳам беҳтар кардани инфрасохтор ва пойгоҳи моддию техникии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дастрас набудани иншооти варзишӣ, аз ҷумла, иншооти хусусии варзишӣ ба табақаи миёнаи аҳолӣ, таҳияи мушкилӣ дар барномаҳои таълимии тарбияи ҷисмонӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии касбӣ, норасоии лавозимоти варзишӣ дар муассисаҳои варзишӣ, ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, маҳалҳо, ҷойҳои истироҳатӣ ва ғайра то ҳанӯз эҳсос мегарданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои амалигардонии барнома гарчанде маблағҳои пешбинишуда аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо гардида бошанд ҳам, дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо барномаҳои маҳаллӣ қабул гардида, ҷиҳати амалисозии онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маблағҳо ҷудо нагардидаанд, аз ин рӯ иҷрои босифати барнома дар сатҳи маҳал таъмин намегардад.

Биинобар ин рушди минбаъдаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш андешидани тадбирҳои иловагӣ ва маҷмӯиро тақозо мекунад.

Тибқи қабули барномаи нави давлатӣ афзоиши шумораи шаҳрвандоне, ки ба таври тартибӣ ба варзиши ҷисмонӣ машғуланд, дар назар аст. Инфрасохторҳои варзишӣ дар кишвар дар ҳоли рушд қарор дошта, шумораи онҳо ба 10 218 адад расидааст. Дар ҳамин ҳол  шумораи зиёди насли наврасу ҷавон ба варзиш рӯ овардаанд ва ҷараёни машқкунии онҳо бояд тибқи низоми муайян танзим карда шавад.

Маблағи умумӣ барои пурра амалӣ намудани Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026  15 млн 950 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 12, 2022 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд