Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсоли маснуоти заргарӣ ислоҳот мегузаронад
ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсоли маснуоти заргарӣ ислоҳот гузаронида мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин тасмим аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди истеҳсоли маснуоти заргарии кишвар гирифта шудааст. Ҳадафи тасмими мазкур рушди соҳаи истеҳсоли маснуоти заргарӣ дар кишвар ва ба бозорҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба фурӯш баровардани маснуоти истеҳсолгардидаи заргарӣ арзёбӣ мегардад.
Тадбири мазкур бо дарназардошти Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 андешида шудааст. Дар иртибот ба ин Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахсони ҳуқуқӣ, инфиродӣ, ҳунармандони касбӣ ва шаҳрвандони одӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки пешниҳоди худро бо мақсади рушди соҳаи маснуоти заргарӣ ва татбиқи ислоҳот дар ин соҳа ба суроғаи электронии вазорат info@sanoat.tj ирсол намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






