ҲУШДОРИ КҲФ ВА МГ: Аз худсарона ва бе риояи қоидаҳои бехатарӣ кандани ангишт дар конҳо худдорӣ намоед!
ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 январи соли 2022 чор нафар сокинони деҳаи Ғезани Поёни Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, ки ду нафари онҳо бародарон буданд, ҳангоми ангишткании ғайриқонунӣ дар кони ангишти наздикии мавзеи Ишакон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз гази карбон заҳролуд шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вақте шабона онҳо ба хона барнагаштанд, пайвандонашон ба ташвиш омада, ҳамаро ба по хезонданд. Соати 20:30 ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз респираторҳо вориди кон шуданд ва ҷасади ҳалокшудагонро берун оварданд.
Барои таҳлилу ташхиси сабаби ин ҳодиса гурӯҳи фаврӣ-тафтишӣ ташкил шудааст.
Ҳалокшудагон 33, 38, 51, 54 сол дошта, соҳиби оилаву фарзандон буданд.
Дар иртибот ба ин ҳодиса Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки аз худсарона ва бе риояи қоидаҳои бехатарӣ кандани ангишт дар конҳо ва манбаъҳои ангишт худдорӣ намоянд, зеро ин кор оқибати хуб надорад.
Танҳо кӯҳканҳои ботаҷриба ва кормандони конҳо метавонанд бо доштани сару либоси махсус ва воситаҳои техникӣ, ҳамчунин риояи ҷиддии кулли қоидаҳои бехатарӣ машғули ин кор шаванд.
АКС: КҲФ ва МГ








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






