Вакилони Маҷлиси намояндагон дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан бо интихобкунандагон мулоқот карданд

Январь 5, 2022 09:04

ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 январ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд бо интихобкунандагон мулоқот намуда, муҳимтарин нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ доданд. Дар ин бора  корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар шаҳри Истаравшан вакили Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Умаров якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва роҳбарияти шаҳр бо аҳолӣ вохӯрда,  доир ба самтҳои Паёми Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша кард ва татбиқи амалии онро ҷиҳати таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, рушди илму маориф, иқтисоди кишвар муҳим арзёбӣ намуд.

Дар шаҳри Хуҷанд муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ дар вохӯрӣ бо сокинон доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд.

Зикр  шуд, ки зимни ироаи Паём Президенти Тоҷикистон Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд. Аз ҷумла, дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар бояд то 2 баробар зиёд карда шавад. Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026 Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд.

«Моро зарур аст, ки Паёми Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои Паём тадбирҳои заруриро амалӣ намоем»,-гуфта шуд зимни мулоқот.

Ёдовар мешавем, ки тибқи дастури Маҷлиси намояндагон, аз 4  то 10 январ вакилони Маҷлиси намояндагон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо интихобкунандагон вохӯриҳо доир менамоянд.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Январь 5, 2022 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд