ВКХ Қазоқистон аз иштироки масъулони бетартибиҳо дар амалиёти ҷангӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 10.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар бетартибиҳое, ки боиси сар задани эътирозҳои зиёд дар Қазоқистон гардиданд, ҷангҷӯёни ҷонибдори исломгароён иштирок доштанд. Онҳоро дар хориҷа омода кардаанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзномаи «Коммерсант» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон навиштааст.
«Тибқи маълумоти пешакӣ, дар байни ҳамлагарон шахсоне ҳастанд, ки дорои таҷрибаи иштироки ҷангӣ дар «нуқтаҳои доғ» аз тарафи гурӯҳҳои тундрави исломӣ мебошанд», — хабар медиҳад ВКХ Қазоқистон.
Ба иттилои вазорат, Қазоқистон «ба таҷовузи мусаллаҳонаи гурӯҳҳои террористие, ки дар хориҷ аз кишвар таълим гирифтаанд, дучор шудааст». Полис ва артиши ин кишвар бо «террористҳо» муқовимат мекунанд, на бо эътирозгарони осоишта.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов иброз дошт, ки дар бетартибиҳои Қазоқистон «ҳазорон нафар ҷиҳодиён ва ғоратгарон» даст доранд. Қаблан мақомоти ин кишвар иддао карда буданд, ки миёни боздоштшудаҳо теъдоди зиёди хориҷиён низ ҳастанд. Аммо ягона шаҳрванди боздоштшуда, ки дар расонаҳои давлатӣ нишон дода шуд, як навозандаи ҷаз аз Қирғизистон аст, ки ба ин кишвар бо сафари ҳунарӣ рафта буд.
АКС: AP 2021








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






