Дар Сеул муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Корея баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ дар Ассамблеяи милли Ҷумҳурии Корея мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода бо Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Корея Чои Канг-вук баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ду кишвар ва таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодӣ, нақлиёт, фарҳангиву башарӣ ва дигар арсаҳо муҳокима шуданд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Кореяро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимоди худ дониста, ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо он мутобиқ ба манфиатҳои муштарак аҳамияти хос дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели 1992 барқарор карда шудаанд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли 2015 ифтитоҳ ёфта, Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Кордор соли 2008 ифтитоҳ ёфтааст. Ҳоло Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода мебошад.
Қаблан дипломатҳои Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба симати Кордор фаъолият мекарданд.
Квон Донг Сок нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаст, ки 7 январи соли 2022 ба муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим нусхаи эътимодномаи худро супорид.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






