Завқӣ Завқизода дар Форуми Чин-Осиёи Марказӣ Тоҷикистонро намояндагӣ намуд
ДУШАНБЕ, 18.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 январ дар сиғаи видеоконфронс Форуми Чин-Осиёи Марказӣ доир гардид, ки дар он Вазири савдои Ҷумҳурии Мардумии Чин, муовини Сарвазир – Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон, муовини Сарвазир – Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазири савдо ва равобити иқтисоди хориҷии Туркманистон, муовини директори генералии Корпоратсияи миллии нафту гази Чин ва дигарон ширкат намуданд, хабар доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Дар форум Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки солҳои охир бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи сарони давлатҳои иштирокчии форум, аз ҷумла бо талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории иқтисодӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин босуръат рушд карда, ба сатҳи баланд расидааст.
З. Завқизода зикр намуд, ки Чин яке аз шарикони асосии тиҷоратӣ ва аз ҷумлаи бузургтарин сармоягузорон барои бисёр кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2021 гардиши савдои хориҷӣ бо Чин нисбат ба соли 2020 78 фоиз афзуда, ҳиссаи савдо бо ин кишвар дар соли сипаригардида 13,2 фоизро ташкил дод. Ин дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми 4-умро ташкил медиҳад.
Дар хотимаи форум намояндагони кишварҳои ширкаткунанда бо зикри дастовардҳои хуби минтақа дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ омодагии худро барои боз ҳам вусъат бахшидани он изҳор намуданд.
АКСҲО: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ









Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






