Зиёд намудани музди меҳнат — сарчашмаи асосии баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 02.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Музди меҳнат ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат, сарчашмаи асосии баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии кормандон, воситаи асосии ҳавасмандгардонии аъзои ҷамъият барои меҳнати пурмаҳсул ва хушсифат мебошад. Агар ба тадқиқоти қаблӣ назар афканем ва нишондиҳандаҳои омориро таҳлил намоем, шоҳиди он мегардем, ки баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Агар сатҳи камбизоатӣ соли 1997 81 фоизро ташкил медод, пас он соли 2016 31 фоиз ва соли 2019 26,3 фоиз коҳиш дода шудааст. Чунин ибрози назар намуд сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Насриддинов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар натиҷаи татбиқ намудани барномаҳову стратегияҳои қабулкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳу сифати некуаҳволии мардуми кишвар симои дигар касб намуд.
Бояд зикр намуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 бо дарназардошти муҳимияти нақши соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар рушди иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъкид карда мешавад: «Дар натиҷаи амалисозии стратегияву барномаҳо дар 30 соли соҳибистиқлолӣ музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфт.
Бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад, аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, идрорпулии донишҷӯён ва дигар намудҳои идрорпулӣ 20 фоиз зиёд карда шуда ва ҳадди ақали музди меҳнат аз 1 июли соли 2022 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шуд».
Ба андешаи таҳлилгар Фирдавс Насриддинов, дар заминаи ин музди меҳнати омӯзгори маълумоти олидори бе дараҷа, ки пеш 721 сомонӣ буда, бо назардошти иловапулиҳо барои роҳбарии синф ва тафтиши дафтар 973 сомонӣ музди меҳнат дошт, тибқи ин баландшавӣ 1170 сомонӣ мешавад, яъне қариб 200 сомонӣ маошаш зиёд мегардад.
Музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ низ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд. Дар заминаи он музди меҳнати мутахассиси вазорату идораҳо, ки собиқаи хизмати давлатиаш аз 10 сол зиёд аст ва 1145 сомонӣ маош мегирифт, он ба андозаи 230 сомонӣ зиёд шуда, ба 1375 сомонӣ баробар мегардад. Ба ҳамин монанд музди миёнаи меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг, ки ба ҳолати 1 ноябри соли 2021 1291,0 сомониро ташкил медиҳад, 258 сомонӣ зиёд гардида, 1549 сомониро ташкил медиҳад. Музди маоши кормандони соҳаи тандурустӣ низ аз 1026 сомонӣ то ба 1231 сомонӣ баланд мегардад.
-Яке аз беҳтарин иқдом- ин баланд бардоштани ҳадди ақали музди меҳнат ба ҳисоб меравад (аз 400 сомонӣ то ба 600 сомонӣ баланд намудани он), ки дар асоси он музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ низ зиёд мегардад. Зеро музди меҳнати кормандони қариб тамоми ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ дар асоси ҷадвали ягонаи тарифӣ ба роҳ монда шуда, андозаи он дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат баланд карда мешавад. Агар ин нишондиҳандаро вобаста ба баландшавии нарх муқоиса намоем, пас андозаи сабади истеъмолӣ ба ҳолати 1 июли соли 2021 ба андозаи 10,3 фоиз афзуд. Андозаи индекси нархҳои истеъмолӣ бо назардошти маълумоти Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли охир (январ- ноябри соли 2021 нисбат ба соли 2020 9,6 фоиз ва январ-ноябри соли 2020 нисбат ба соли 2019 8,5 фоиз ) ҳамагӣ 19,1 фоиз афзудааст.
«Пешниҳоди созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ, дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар гардонидани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ мебошад. Ин иқдоми неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳдошти сатҳи иҷтимоиву иқтисодии сокинони кишвар нигаронида шудааст. Паёми мазкур ба беҳсозии вазъи моддии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаҳои соҳаи илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар муассисаҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ва инчунин табақаҳои камбизоат, аз ҷумла нафақагирон ва донишҷӯён равона карда шудааст»,-иброз дошт мавсуф.
Яке аз унсурҳои муҳим, ки раванди сатҳи зиндагии аҳолиро ба низом медарорад, кифоя будани даромади пулии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки тайи солҳои Истиқлолияти ҷумҳурӣ вазъи зиндагии ятимони кулл ва кӯдакони аз саробон маҳрумшуда (нимятим) дар ҷумҳурӣ беҳтар гардида, ҳамасола андозаи нафақаи онҳо зиёд мегардад. Ҷиҳати беҳтар намудани вазъи зиндагии маъюбон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки аз 1 июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи ятимони кулл ва кӯдакони аз саробон маҳрумшуда (нимятим) ба андозаи 25 фоиз аз ҳадди ақали нафақа, ки айни ҳол 207 сомониро ташкил медиҳад, яъне 51,75 сомонӣ зиёд карда мешавад.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 90 ҳазор нафар ятимони кулл ва кӯдакони аз саробон маҳрумшуда аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истеҳсоли барқ оғоз намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «TajTech – 2026» доир мегардад
РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор шуд
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд
Нахустин мулоқоти ҳамоҳангсозони миллии Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон тақвияти робитаҳои байнибонкии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир гардид
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия густариш медиҳанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»






