Зиёд намудани музди меҳнат — сарчашмаи асосии баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мебошад

Январь 2, 2022 09:15

ДУШАНБЕ, 02.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Музди меҳнат ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат, сарчашмаи асосии баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии кормандон, воситаи асосии ҳавасмандгардонии аъзои ҷамъият барои меҳнати пурмаҳсул ва хушсифат мебошад. Агар ба тадқиқоти қаблӣ назар афканем ва нишондиҳандаҳои омориро таҳлил намоем, шоҳиди он мегардем, ки баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Агар сатҳи камбизоатӣ соли 1997  81 фоизро ташкил медод, пас он соли 2016  31 фоиз ва соли 2019  26,3 фоиз коҳиш дода шудааст. Чунин ибрози назар намуд сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Насриддинов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар натиҷаи татбиқ намудани барномаҳову стратегияҳои қабулкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳу сифати некуаҳволии мардуми кишвар симои дигар касб намуд.

Бояд зикр намуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 бо дарназардошти муҳимияти нақши соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар рушди иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъкид карда мешавад: «Дар натиҷаи амалисозии стратегияву барномаҳо дар 30 соли соҳибистиқлолӣ музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфт.

Бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад, аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, идрорпулии донишҷӯён ва дигар намудҳои идрорпулӣ 20 фоиз зиёд карда шуда ва ҳадди ақали музди меҳнат аз 1 июли соли 2022  50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шуд».

Ба андешаи таҳлилгар Фирдавс Насриддинов, дар заминаи ин музди меҳнати омӯзгори маълумоти олидори бе дараҷа, ки пеш 721 сомонӣ буда, бо назардошти иловапулиҳо барои роҳбарии синф ва тафтиши дафтар 973 сомонӣ музди меҳнат дошт, тибқи ин баландшавӣ 1170 сомонӣ мешавад, яъне қариб 200 сомонӣ маошаш зиёд мегардад.

Музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ низ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд. Дар заминаи он музди меҳнати мутахассиси вазорату идораҳо, ки собиқаи хизмати давлатиаш аз 10 сол зиёд аст  ва 1145 сомонӣ маош мегирифт, он ба андозаи 230 сомонӣ зиёд шуда, ба 1375 сомонӣ баробар мегардад. Ба ҳамин монанд музди миёнаи меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг, ки ба ҳолати 1 ноябри соли 2021  1291,0  сомониро ташкил медиҳад, 258 сомонӣ зиёд гардида, 1549 сомониро ташкил медиҳад. Музди маоши кормандони соҳаи тандурустӣ низ аз 1026 сомонӣ то ба 1231 сомонӣ баланд мегардад.

-Яке аз беҳтарин иқдом- ин баланд бардоштани ҳадди ақали музди меҳнат ба ҳисоб меравад (аз 400 сомонӣ то ба 600 сомонӣ баланд намудани он), ки дар асоси он музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ низ зиёд мегардад. Зеро музди меҳнати кормандони қариб тамоми ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ  дар асоси ҷадвали ягонаи тарифӣ ба роҳ монда шуда, андозаи он дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат баланд карда мешавад. Агар ин нишондиҳандаро вобаста ба баландшавии нарх муқоиса намоем, пас андозаи сабади истеъмолӣ ба ҳолати 1 июли соли 2021 ба андозаи 10,3 фоиз афзуд. Андозаи индекси нархҳои истеъмолӣ бо назардошти маълумоти Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли охир (январ- ноябри соли 2021 нисбат ба соли 2020  9,6 фоиз ва январ-ноябри соли 2020 нисбат ба соли 2019   8,5 фоиз ) ҳамагӣ 19,1 фоиз афзудааст.

«Пешниҳоди созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ, дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар гардонидани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ мебошад. Ин иқдоми неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳдошти сатҳи иҷтимоиву иқтисодии сокинони кишвар нигаронида шудааст. Паёми мазкур ба беҳсозии вазъи моддии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаҳои соҳаи илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар муассисаҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ва инчунин табақаҳои камбизоат, аз ҷумла нафақагирон ва донишҷӯён равона карда шудааст»,-иброз дошт мавсуф.

Яке аз унсурҳои муҳим, ки раванди сатҳи зиндагии аҳолиро ба низом медарорад, кифоя будани даромади пулии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки тайи солҳои Истиқлолияти ҷумҳурӣ вазъи зиндагии   ятимони кулл ва кӯдакони аз саробон маҳрумшуда (нимятим) дар ҷумҳурӣ беҳтар гардида, ҳамасола андозаи нафақаи онҳо зиёд мегардад. Ҷиҳати беҳтар намудани вазъи зиндагии маъюбон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки аз 1 июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи ятимони кулл ва кӯдакони аз саробон маҳрумшуда (нимятим) ба андозаи 25 фоиз аз ҳадди ақали нафақа, ки айни ҳол 207 сомониро ташкил медиҳад, яъне 51,75 сомонӣ зиёд карда мешавад.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 90 ҳазор нафар ятимони кулл ва кӯдакони аз саробон маҳрумшуда аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Январь 2, 2022 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд
ҚАЛЪАИХУМБ — ВАНҶ — ДАРВОЗАИ РӮШОН. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҷараёни таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ шинос шуд
Дар Душанбе масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Вашингтон баррасӣ шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. «ТАЛКО» таҷассуми ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст
Дар се моҳи соли 2024 кишоварзони вилояти Хатлон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро ба беш аз 1,3 миллиард сомонӣ расониданд