ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Сокинони ноҳияи Фархор ба пешвози иди Наврӯз тавассути ҳашар пули харобгаштаро барқарор намуданд

Февраль 6, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 06.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо тавассути ҳашари якҷояи сокинон пули харобгаштаи деҳаи 1-уми майи Ҷамоати деҳоти ба номи Истиқлоли ноҳияи Фархор, ки ҳамзамон сабаби қатъи рафтуомад ба деҳаи дигар  шуда буд, барқарор гардид, хабар доданд аз маркази матуботи раиси ноҳияи Фархор ба АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи масъулин, пули қаблӣ барои гардиши воситаҳои нақлиёт танг буда, душворӣ пеш меовард.

Баъд аз анҷоми корҳои сохтмони пули нав  сокинони деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти ба номи Истиқлоли ноҳияи Фархор  низ иқдом гирифтаанд, ки пули деҳаи худро, ки солиёни дароз таъмирталаб мебошад, ба тариқи ҳашар навсозӣ намоянд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани иди Навруз ҳамин гуна ҳашарҳо дар ҳамаи кӯчаву маҳаллаҳои деҳот гузаронида мешаванд. Тариқи ҳашар корҳои аз партовҳо тоза намудани шоҳроҳи марказӣ ва шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзи арча дар шафати он ҳамарӯза идома доранд.

 АКС: Маркази матбуоти раиси н. Фархор

Февраль 6, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад