Агентии хоҷагии ҷангал: Соли 2022 майдони бунёду барқароркунии ҷангал 700-800 гектар зиёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 09.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 тибқи нақшаи Агентии хоҷагии ҷангал 700-800 гектар майдони бунёду барқароркунии ҷангал зиёд карда мешавад. Ин матлабро муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Набизода имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди мазкур иброз намуд.
Мавсуф дар посух ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» дар мавриди он ки вобаста ба тағйирёбии иқлим аз ҷониби агентӣ баҳри васеъ намудани майдони ҷангалзор чӣ корҳо анҷом дода мешаванд, зикр дошт, ки «Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парвариши намудҳои гуногуни дарахту буттаҳои маҳаллӣ, ки ба шароити ҷумҳурӣ хос буда, дар раванди тағйирёбии иқлим хеле муҳим мебошанд, диққати ҷиддӣ медиҳад. Бо ин мақсад имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди назди хоҷагиҳои ҷангал кӯчату парвариши ниҳолҳои дарахтони сояафкан, ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда ба роҳ монда шудааст».
Наим Набизода зикр намуд, ки соли 2021 бештар аз 2 ҳазору 48 гектар ҷангалзор бунёду барқарор гардида, дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар шоҳроҳҳои Душанбе – Ваҳдат – Рашт, Душанбе – Варзоб, Душанбе – Кӯлоб ва дигар мавзеъҳову таллу теппаҳо бештар аз 96 ҳазор гектар дар соли сипаришуда дарахту буттаҳо шинонида шудаанд.
Дар ин самт аз ҷониби мутахассисони агентӣ маълумоту барномаи махсус таҳия гардида, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод шудааст. Масъалаи асосии барномаи мазкур бунёду барқароркунӣ ва сабзазоркунӣ ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади сабзу хуррамгардонии мамлакат ва зиёд намудани миқдори ниҳолҳо ҳар сол дар беш аз 3 ҳазор гектар майдони муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангал ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ ниҳолу буттаҳо парвариш карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






