Ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар бахши сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон бо иштироки намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба АМИТ “Ховар” дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни мулоқот сафир миннатдории худро ба ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии таъсиси гурӯҳи корӣ бо мақсади пажӯҳиш, арзёбӣ ва коркарди Нақшаи амали Шӯрои иҷроия дар Маҷмаи Умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) изҳор намуд.
Инчунин зимни вохӯрӣ Сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе оид ба Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии сайёҳии Риёз, ки баргузории он моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ба нақша гирифта шудааст, маълумот дода, даъват ба амал овард, ки намояндагони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори он иштирок варзанд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ оид ба имтиёзҳои роҳандозигардида аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла раводид, имтиёзҳо барои сармоягузорон маълумот дода, зикр кард, ки соҳаи сайёҳӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳумчунин дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба имзои санади ҳамкорӣ, ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳои мақсаднок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди ҲҶТ








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






