«АРТИШИ МИЛЛӢ- ЯКЕ АЗ ШОҲСУТУНҲОИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН». Дар ноҳияи Шаҳритус таҳти ин унвон ҳамоиши идона сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар/. Бахшида ба 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз қисмҳои низомии Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамдастӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамоиши бошукӯҳи идона сурат гирифт, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон.
Дар оғози ҳамоиш як гурӯҳ сарбозон, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ва хонандагону волонтёрони ҳизбӣ дар даст шиор ва расми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назди даромадгоҳи ноҳия то қисми низомии Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус раҳсипор шуданд.
Дар ҳамоиши идона раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилаи вилоят ва ноҳияи мазкур иштирок карданд.
Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён иброз намуд, ки «Артиши миллӣ бо вуҷуди имконоти ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ дар замони ниҳояти ҳассоси таърихи даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфта, хушбахтона, марҳила ба марҳила зери таваҷҷуҳи доимии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳо амалӣ карда шуданд. Аз ин ҷост, ки ҳадафи асосии ҳар фарди тоҷик саҳми муносиб гузоштан дар ҷомеа мебошад. Рисолати имрӯзаи ҷавонони шуҷои Ватан, ки дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат доранд, ҳимояи марзу буми кишвари худ бо матонату мардонагӣ мебошад. Ин сарзаминро бояд мисли гавҳараки чашм нигоҳ дошта, барои наслҳои оянда боқӣ гузорем».


Сипас ҳайати меҳмонон аз шароити будубоши афсарону сарбозон, техника ва лавозимоти қисми низомии Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дидан намуданд.
Дар ҳузури меҳмонон байни сарбозон мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили шоҳмот, шашка, дастхобонӣ ва волейбол гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфа ва ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин як гурӯҳ сарбозону афсарони қисми низомии Раёсати қӯшнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарбозону афсарони яке аз қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус барои заҳматҳои шабонарӯзӣ ҷиҳати тинҷию оромии мамлакат бо туҳфа ва сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва РВКД дар вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.
АКСҲО: КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон










Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






