«АЗ ПАРИЖ БО МЕДАЛ БАРГАРД!». Чунин таманно карданд мухлисон ба Комроншоҳи Устопириён пеш аз сафар ба мусобиқаи Гранд Слам

Февраль 5, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 05.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Аз Париж бо медал баргард!». Чунин таманно карданд мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён пеш аз сафар ба Фаронса барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Гранд Слам — яке аз бонуфузтарин мусобиқаҳои ҷаҳонии дзюдо.

Мусобиқа имрӯз оғоз мешавад ва 5-6 феврал дар пойтахти Фаронса идома меёбад. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Комроншоҳ аллакай дар Париж қарор дорад. Ӯ пас аз Гран-прии Португалия, ки дар он барандаи медали биринҷӣ гардид, ба пойтахти Фаронса парвоз кард.

Гран прии Португалия, ки моҳи январ баргузор шуд, мусобиқаҳои анъанавии ҷаҳонии дзюдоро ифтитоҳ кард ва медали Комроншоҳ аввалин ҷоизаи ӯ дар мавсими имсола буд. Устопириён дар мубориза барои ҷойи сеюм бо Имед Гоголадзеи гурҷӣ рӯи татами баромада, ӯро бо вазарӣ шикаст дод ва медали биринҷӣ ба даст овард.

Акнун дар бораи Гранд Слами Париж. Мусобиқа беш аз 50 сол аст, ки ҳамасола дар Фаронса баргузор мешавад. Чун анъана давоми ду рӯз қавитарин варзишгарони сайёра барои медалҳо ва холҳои муҳими рейтингии мусобиқа мубориза мебаранд.

Мусобиқа имсол бо ширкати 346 варзишгар, аз ҷумла 172 мард аз 55 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад. Зимнан, соли гузашта дар ин мусобиқа 281 дзюдочӣ аз 45 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Пас аз мусобиқаи Париж 17-19 феврал дар Тел-Авив Гранд Слам оғоз мешавад. Ба Исроил бояд 3 варзишгари Тоҷикистон, аз ҷумла Сомон Маҳмадбеков — 73 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов — 90 кг ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг раванд.

Дар Париж Комроншоҳи Устопириён танҳо Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки чанде пеш Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) тақвими мавсими навро эълон кард, ки фарогири 12 мусобиқаи Гранд Слам, 2 Гран-при ва Чемпионати ҷаҳон мебошад. Дар тақвими то тобистон чаҳор Слами дигар — дар Тел-Авив (Исроил, 17-19 феврал), Тифлис (Гурҷистон, 25-27 март), Анталия (Туркия, 1-3 апрел) ва Қазон (Русия, 20-20 май) ба қайд гирифта шудаанд. Гранд Слами Дюсселдорфи Олмон, ки маъмулан моҳи феврал пас аз мусобиқаи Париж баргузор мешуд, ин дафъа ба тобистон, яъне 3-5 июн мавқуф гузошта шуд.

Агар дар бораи ҷуғрофияи оғози мусобиқаҳо гӯем, пас он маъмулан бисёр васеъ аст. Хусусан дар партави он ки дар тақвим ҷойҳои нав илова шудаанд. Инак, яке аз мусобиқоти гранд Слам 24-26 июн дар шаҳри Улан-Батор (Муғулистон) баргузор мешавад. Дар ҳоле, ки Чемпионати ҷаҳон боз ба Осиё бармегардад: соли 2019 Чемпионати ҷаҳонро Токио ва мавсими гузашта Будапешт мизбонӣ карда буданд ва чемпионати имсола 7-13 август дар Тошканд (Узбекистон) баргузор мешавад.

Ва ҳоло мо ба паҳлавонамон Комроншоҳи Устопириён дар Париж барор мехоҳем!

                                                                                    Пайрав НАЗАРОВ,
Акрамхоҷа АКБАР,
                                                                                        АМИТ «Ховар»

                                                                            АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд