Ба сокинони ноҳияи Шаҳринав нуктаҳои Паёми Пешвои миллат шарҳ дода шуданд
ДУШАНБЕ, 13.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, аъзои гурӯҳи корӣ дар ҳайати кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, САҲШ, бахшҳои кор бо занон, дин, сайёҳӣ ва котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат бо аҳолӣ вохӯрию суҳбатҳо доир намуда истодаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.
Роҳбари гурӯҳи корӣ, муовини раиси ноҳияи Шаҳринав оид ба соҳаи иҷтимоӣ Шоиста Неъматуллозода иброз дошт, ки аз ироаи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия рӯҳбаланд гардида, онро чун мароми зиндагӣ қабул намуданд. Мавсуф зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба роҳ мондани се ҳадафи стратегӣ: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафҳои судманде мебошанд, ки дар арафаи амалишавӣ қарор доранд.
Шоиста Неъматуллозода доир ба ҳадафи чоруми стратегӣ -саноатикунонии мамлакат ва эълон гардидани солҳои 2022 — 2026 Солҳои рушди саноат сухан намуда, ташаббуси навбатии Пешвои миллатро ғамхорӣ ва лутфи беандоза барои мардуми шарафманди кишвар арзёбӣ намуд. Зеро дар заминаи ин соҳаҳои иқтисодии мамлакат рушд намуда, коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардида, ташкили ҷойҳои нави корӣ барои таъмини шуғли аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Аъзои гурӯҳи корӣ дар асоси дастуру супориш ва роҳнамоиҳои Паёми навбатии Пешвои миллат вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, занон, оила ва рушди варзиш, пешгирии таассубу ифротгароӣ дар миёни ҷавонон ва корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодаанд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Мушарафа Шарипова изҳор дошт, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф дар Паёми навбатӣ бештар буд, чунки таъмини тараққиёти минбаъдаи давлат аз устувории пояи маориф буда, ба ҷомеаи мо кадрҳои саводнок, ботаҷриба, ихтисосманд, ихтирокор, навовар ва забондону соҳбтаҷриба заруранд.
Мудири бахши кор бо занон ва оила дар ноҳия Дилафрӯз Азимова изҳор намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бонувон роҳкушои зиндагӣ мебошад. Чунки дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат барои панҷ соли оянда омода ва амалигардонидани Барномаи нави устувор намудани мавқеи занонро дар ҷомеа дастур доданд.
Ҳамчунин сокинони ноҳия бо дасту дили гарм ваъда доданд, ки фаъолияти худро дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, саҳми арзандаи худро дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон гузошта, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоиста истиқбол намоянд.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






