Ба Тоҷикистон 501 ҳазору 200 воя ваксинаи «АстраЗенека» ворид гардид

Февраль 21, 2022 16:05

ДУШАНБЕ, 21.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 21 феврал аз ҷониби Ҳукумати Япония ба Тоҷикистон дар чорчӯбаи фаъолияти механизми COVAX 501 ҳазору 200 воя ваксинаи «АстраЗенека» ба маблағи беш аз ду миллион доллари амрикоӣ ҳамчун кумаки башардӯстона ворид гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маросими расмии қабули вояҳои ваксинаи мазкур имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики, муовини намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Зайнаб-ал-Аззавӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷониби кишвари Япония дар самти дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат, аз ҷумла дастрас намудани вояҳои ваксинаи зидди коронавирус изҳори миннатдорӣ намуда, ин иқдомро идомаи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар арзёбӣ намуд.

Дар идома меҳмонон аз анбори махсуси вазорат, ки ваксинаҳои зидди сирояти нави COVID-19 дар он нигаҳдорӣ мешаванд, дидан намуданд.

 

 

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Февраль 21, 2022 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон