Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030 дар амал татбиқ мешавад

Февраль 14, 2022 14:05

ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ аз 21 декабри соли 2021 ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  супориш дода буданд, ки  бо мақсади  муайян намудани дурнамои фаъолияти  занону бонувон дар иқтисоди миллӣ Стратегияи миллии фаъолгардонии  нақши занон дар ҷомеа  таҳия ва  ба тасвиб расонида шавад. Тибқи дастуру супориши мазкур, соли гузашта  ин стратегия  барои солҳои 2021-2030  ва нақшаи амали он  барои солҳои 2021- 2025  ба имзо расонида шуд. Дар ин бора имрӯз Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки ҳамзамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ супориш дода буданд, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад. Дар айни замон барномаи мазкур  аз ҷониби Кумита таҳия  ва дар ҷаласаи васеъ бо иштироки  намояндагони  вазорату идораҳои  дахлдор  баррасӣ  гардида,  дар мувофиқа бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорад.

«Мо кӯшиш менамоем, ки  дар муҳлати муайянгардида ин барномаро  бо лоиҳаи қарор  ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намоем»,-гуфт Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила.

Ҳилолбӣ Қурбонзода зикр кард, ки айни замон давраи дуюми «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» дар амал татбиқ  гардида истода, мо барои амалӣ намудани давраи сеюм супориш гирифтем.

Дар доираи татбиқи  барномаи мазкур  чорабиниҳои гуногун  аз ҷониби Кумита  дар ҳамкорӣ  бо Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ  гузаронида мешаванд.

Тибқи  маълумоти Агентии хизмати давлатӣ,  айни ҳол дар ҷумҳурӣ  шумораи умумии хизматчиёни  давлатӣ  зиёда аз 18 ҳазор буда,  24,1 фоизи онро занон ва кадрҳои роҳбарикунанда  19,4 дарсадро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.

«Дар доираи татбиқи барнома  мо дар якҷоягӣ  бо  Маркази миллии тестии  назди  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба  сатҳи фарогирии  духтарон ба мактабҳои олӣ  тадқиқот гузаронидем. Дар натиҷа маълум шуд, ки агар соли 2017 шумораи  занону духтарони ба мактабҳои олии  касбӣ  барои таҳсил фаро гирифта  35 фоизро ташкил медод, ҳоло  ин теъдод ба  45 фоиз расидааст.

Ҳамзамон агар соли 2017  6657 нафар  занону бонувон  ба ҳайси роҳбарони муассисаҳои гуногун фаъолият  доштанд, имрӯз шумораи  онҳо ба 10  ҳазору 950 адад расидааст»,- изҳор намуд Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳилолбӣ Қурбонзода.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2022 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид