БМТ: «Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА муътадил арзёбӣ гардида, устувории пули миллӣ нигоҳ дошта шуд»
ДУШАНБЕ, 02.02.2022/АМИТ «Ховар»/. «Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ ба санаи 31 декабри соли гузашта муътадил арзёбӣ гардида, устувории пули миллӣ — сомонӣ нигоҳ дошта шуд ва беқурбшавӣ умуман ба назар нарасид». Дар ин хусус Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқззода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф афзуд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар (ММД) дар соли сипаригардида бо арзиши номиналӣ ба зиёда аз 98 миллиард сомонӣ баробар гардида, афзоиши воқеии он 9,2 фоизро ташкил дод, ки рушди воқеӣ нисбат ба соли қаблӣ 4,7 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Афзоиши ММД аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22 фоиз, кишоварзӣ 6,6 фоиз, сохтмон 23, 3 фоиз, гардиши савдои чакана 12,7 фоиз ва хизматрасониҳои пулӣ 7,9 фоиз таъмин гардид.
Ба андешаи Ҳоким Холиқзода, «сатҳи таваррум соли гузашта дар доираи нишондиҳандаи якрақама ҷамъбаст гардида, 8,0 фоизро ташкил намуд, ки ин дар доираи ҳадафи муқарраршудаи Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад ва асосан дар натиҷаи болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 7,3 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 7,5 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 11,3 фоиз ба амал омад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 ба андозаи 1,4 банди фоизӣ паст мебошад».
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо дар раванди танзими ҳаҷми пул сиёсати мутавозуни пулию қарзиро тавассути механизми фишангҳои худ барои маҳдуд сохтани таъсири омилҳои монетарӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ амалӣ намуда истодааст.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1104 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд






