«БО САБАБИ РИОЯ НАКАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ…» Вазорати адлия дар як сол 105 аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро рад намудааст
ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида 105 аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро бо сабаби мухолифат доштан ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» рад намудааст. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён баён намуд.
Ба гуфтаи Вазири адлия, дар самти бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар давраи ҳисоботӣ 431 ариза дар бораи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳо ва барҳамдиҳӣ ворид гардидааст.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки 122 иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 16 филиали намояндагӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ҷараёни бақайдгирии барҳамдиҳии давлатиро гузашта, аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ карда шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар 34 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолият доранд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ба 9110 шаҳрвандон машварати ҳуқуқӣ пешкаш гардидааст, ки 351 нафари онҳо маъюб мебошанд.
Ба иттилои Вазир, айни ҳол Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 пайваста фаъолият мекунад.
АКСҲ: АМИТ “Ховар”








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






