Бозиҳои зимистонаи олимпӣ-2022 расман анҷом ёфтанд

Февраль 21, 2022 13:40

ДУШАНБЕ, 21.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 20 феврали соли 2022 дар Варзишгоҳи миллии Пекин, ки ҳамчунин бо номи «Лонаи паранда» маъруф аст, маросими пӯшидашавии Бозиҳои 24-уми зимистонаи олимпӣ дар сатҳи баланд доир шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросим Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах қабл аз эълони пӯшида шудани бозиҳо ҳангоми суханронӣ аз раҳбарони сиёсии ҷаҳон даъват кард, ки аз «ҳамбастагӣ ва сулҳ»-и варзишгарон илҳом гиранд. «Шумо на танҳо якдигарро эҳтиром мекардед, балки якдигарро дастгирӣ мекардед, ҳатто агар кишварҳои шумо бо низоъ аз ҳам ҷудо шуда бошад ҳам, якдигарро ба оғӯш гирифтед, — гуфт Томас Бах дар муроҷиат ба варзишгарон. — Шумо ин ихтилофро паси сар карда, нишон додед, ки дар ҷомеаи олимпӣ мо ҳама баробар ҳастем, новобаста аз он ки мо чӣ гунаем, аз куҷоем ва ба чӣ бовар дорем. Ин қудрати муттаҳидкунандаи Бозиҳои олимпӣ аз қувваҳое, ки мехоҳанд моро ҷудо кунанд, қавитар аст. Шумо сулҳро ташвиқ мекунед. Бигзор пешвоёни сиёсии тамоми ҷаҳон аз намунаи ҳамбастагӣ ва тарғиби сулҳи шумо илҳом гиранд».

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ бори дигар даъвати дастрасии баробар ба ваксинаҳои COVID-19-ро такрор кард ва аз ҳама даъват кард, ки барои хотима додан ба пандемияи давомдор, ки тақрибан ду сол аст идома дорад, якҷоя кор кунанд. Мавзӯъҳои маросими пӯшидашавӣ ба маросими ифтитоҳ монанд буданд ва ба маросими Бозиҳои олимпии Пекин-2008 низ ишора карданд.

Пас аз мизбонии Бозиҳои зимистонаи соли 2022 Пекин аввалин шаҳре шуд, ки ҳам бозиҳои тобистона ва ҳам зимистонаи олимпиро мизбонӣ кард. Дар маросим президенти КБО Томас Бах парчаи олимпиро аз раиси шаҳри Пекин Чен Тсинин гирифта, ба раисони шаҳрҳои Милан Чузеппе Сала ва Кортина Дампеззо Чанпетро Гедина супорид. Шаҳрҳои Милан ва Кортинаи Италия мизбони навбатии Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар соли 2026 ҳастанд.

Сипас «Milan Cortina 2026» филми бадеиеро бо номи «Дуализм, якҷоя» намоиш дод, ки ҳамоҳангии ду шаҳри мизбонро, сарфи назар аз хусусияти муқобили онҳо инъикос кард. Оташи олимпӣ, ки дар деги барфин 4 феврали соли 2022 дар маросими ифтитоҳ фурӯзон шуда буд, хомӯш гардид.


Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 24-уми зимистонаи олимпӣ дар Пекини Чин аз рӯи 7 намуди варзиш (15 равияи варзишӣ) баргузор шуданд ва дар он 2871 варзишгар аз 91 давлат ширкат карданд.

Дар ҳисоби ғайрирасмии медалҳо дастаи мунтахаби Норвегия дар ҷои аввал қарор гирифт. Варзишгарони ин кишвар 37 медал (16 тилло, 8 нуқра, 13 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дастаи мунтахаби Олмон бо 12 медали тилло, 10 нуқра, 5 биринҷӣ ҷои дуюм, кишвари мизбон – Чин бо 9 медали тилло, 4 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои сеюмро сазовор шуданд.

Умуман, аз 91 кишвари иштирокчӣ 29 давлат медал ба даст оварданд, аз ҷумла варзишгарони 23 давлат ба гирифтани унвони чемпионӣ даст ёфтанд. Дар ҳисоби расмӣ варзишгар аз Норвегия Ҷоҳанес Зингнес Бои бо ба даст овардани 5 медал — 4 тилло, 1 биринҷӣ – дар намуди биатлон якум шуд. Александр Болшунов (КОР) бо 3 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дар сабқати лижаронӣ ҷои дуюм, Марти Олсбу Роисиланд (Норвегия) бо 3 медали тилло ва 2 биринҷӣ дар биатлон ҷои сеюмро ишғол намуданд. Ирина Шоутен (Нидерланд) бо 3 тилло, 1 биринҷӣ дар конкитозӣ, Тересе Йоҳаг (Норвегия) бо 3 тилло дар сабқати лижаронӣ ба панҷгона ворид шуданд.

 

АКСҲО: КМО Тоҷикистон

 

 

Февраль 21, 2022 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад