COVID-19. Маркази иттилоотии зиддибуҳронӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти коронавирус бо телефони 511 фаъол гардид

Февраль 2, 2022 11:10

ДУШАНБЕ, 02.02. 2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон «Маркази иттилоотии зиддибуҳронӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти COVID-19»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо телефони боварии 511 ба фаъолият оғоз намуд, ки он бо таҷҳизоти замонавии иттилоотӣ, нуқтаҳои қабули зангҳои телефонӣ ҳам аз корбарони алоқаи мобилӣ ва ҳам аз пешниҳодкунандагони алоқаи телефонии маъмулии хаттӣ муҷаҳҳаз буда, бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ дар ду басти корӣ давоми 24 соат фаъолият менамояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Дар маросими кушодашавии маркази мазкур Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок намуда, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ, риояи одоби муошират  бо муроҷиаткунандагон, дар вақти муайянгардида посух гардонидан ба саволи шаҳрвандон ва дигар масъалаҳо ба кормандони марказ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳадафи таъсиси марказ баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва дарки табақаҳои аҳолӣ дар мавриди хавфу оқибатҳои имконпазири пандемияи COVID-19 мебошад.

Марказ дар доираи маблағгузории «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси COVID-19 дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад,  фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Ҷиҳати расидан ба мақсадҳои муқарраргардида марказ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд, аз ҷумла: гузаронидани машваратҳои маҷозӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба сирояти коронавирус COVID-19; оид ба нишонаҳои асосии беморӣ; риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, моҳият ва қоидаҳои пӯшидани ниқоби муҳофизатӣ, риояи масофаи байниякдигарӣ; иҷрои алгоритми амалҳо ҳангоми ошкор шудани аломатҳои сирояти COVID-19; ҳолатҳои дар хона мондан дар худмаҳдудкунӣ (карантин); макони ҷойгирӣ ва суроғаи ташхисгоҳҳои вирусологие, ки ба ташхиси занҷираи полимеразии (ПЦР) сирояти нави коронавирус COVID-19 машғуланд; пешниҳоди машварати равонӣ (психологӣ); табобат дар хона бо дарназардошти риояи қоидаҳои зиддиэпидемикӣ, пешгирӣ, табобат ва назорати сироят; инчунин, тамоми масъалаҳои вобаста ба он; пешниҳоди маълумот оид ба равонасозии шаҳрвандон ба муоинаи иловагӣ, ташхис ва табобат дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ; пешниҳоди маълумот оид ба моҳият ва зарурати иммунизатсияи аҳолӣ бар зидди сирояти нави коронавирус COVID-19 ва дигар масъалаҳои вобаста ба ваксинатсия.

АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Февраль 2, 2022 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон