COVID-19. Теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 426 миллион нафар гузашт
ДУШАНБЕ, 22.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 426 миллион нафар расида, теъдоди фавтидагон аз 5,90 миллион нафар гузашт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ).
22 феврал ба СҶТ дар бораи 426 465 745 нафар мубталоён ва 5 909 460 нафар фавтидагон маълумот расид. Шумораи гирифторон дар як рӯз 1 миллиону 254 ҳазору 847 нафар, фавтидагон – 6 ҳазору 205 нафар щиёд шудааст. Нишондиҳандаи гирифтории 200 миллион нафар 5 август, 250 миллион нафар — 9 ноябри соли гузашта, 300 миллион нафар — 8 январ, 350 миллион нафар — 25 январ ва 400 миллион нафар — 10 феврал маълум шуда буд.
Ба иттилои СҶТ, шумораи бештари ҳолатҳои тасдиқшуда дар Иёлоти Муттаҳида Амрико – 80 145 282 ба қайд гирифта шудааст. Пас аз он Ҳиндустон (42 851 929), Бразилия (28 250 591), Фаронса (22 304 024) ва Британияи Кабир (18 654 572) қарор доранд. Ҳолатҳои фавт бештар дар ИМА – 960 157 мушоҳида шуда, дар ҷои дуюм Бразилия (644 695) ва дар ҷои сеюм Ҳиндустон (512 371) мебошанд. Пас аз онҳо Русия (346 235) ва Мексика (315 786) меистанд.
АКС: Worldometer








Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»






