Дар Агентии содирот бо роҳбарони ширкатҳои истеҳсолкунанда ва содироткунандагони тухми мурғ машварати корӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади мусоидат ба афзоиши содироти тухми мурғ ва дарёфти бозорҳои нави тиҷоратӣ 3 феврал дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони корхонаҳои истеҳсолкунанда ва содироткунандаи тухми мурғ ҷаласаи корӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот.
Директори Агентӣ Шавкат Бобозода зикр намуд, ки бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таъмини аввалиндараҷаи талаботи бозори дохилӣ барои содирот намудани тухм дастур дода шуд.
Директори Агентӣ ба роҳбарони корхонаҳои истеҳсолкунанда ва содироткунандаи тухм тавсия дод, ки содироти тухм бо дарназардошти таъмини авалиндараҷаи талаботи бозори дохилӣ ба роҳ монда шавад.
Дар ҷараёни машварат бо таклифу дархости намояндагони корхонаҳои парандапарварӣ масъалаҳои зиёд намудани истеҳсол, баланд бардоштани сифати тухм ва гӯшти мурғ, ташкили майдонҳои кишти хӯроки паранда ва корхонаҳои коркарди он, дар оянда ба роҳ мондани содироти маҳсулоти мурғӣ, инчунин рушди иқтидорҳои содиротии соҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Инчунин зикр шуд, ки имтиёзҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд, самаранок истифода бурда, барои боз ҳам зиёд намудани содироти тухм ба давлатҳои ҳамсоя бо сифати баланд чораҷӯӣ карда шавад.
Дар охири ҷаласа аз ҷониби роҳбарони корхонаҳо пешниҳодот оид ба пешбурди фаъолият ва дастгирӣ намудани онҳо ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳои содиротӣ ва монеа эҷод накардан дар вақти интиқоли молҳои содиротӣ ироа гардиданд.
АКС: Агентии содирот








Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд






