Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба Паёми Пешвои миллат ва таъмини рушди устувори Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини рушди устувори Тоҷикистон» мизи мудаввари илмӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ.
Дар ҳамоиш олимону кормандони сохторҳои илмию таълимии Академия иштирок намуданд.
Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия Амид Комилбек иброз дошт, ки “Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмҳои хеш тамоми самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро таҳлили амиқ намуда, барои рушд ва дастовардҳои бештар роҳҳои мухталифро пешниҳод месозанд. Аз ҷумла, Паёми навбатии Пешвои миллат фарогири таҳлили 30 соли истиқлолият буда, тамоми самтҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии дохиливу хориҷии мамлакатро дар бар мегирад. Нақши ин санади тақдирсози миллат баҳри рушди босуботи Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мешавад”.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ иброз намуданд, «Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст».
Амалӣ намудани бандҳои Паём марҳилаи нави пешрафту шукуфоиро таъмин намуда, зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро дар роҳи рушди минбаъдаи давлатдории миллиамон муҳайё месозад.
Сипас дар доираи ҳамоиш иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Масъалаҳои рушди босуботи иқтисодӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди бемайлони соҳаи маориф», «Масъалаҳои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъалаҳои сиёсати гендерӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳо шуниданд.
АКСҲО: Академияи идоракунии давлатӣ








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






