Дар Бадахшон 10 ҳолати фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд

Февраль 7, 2022 11:47

ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар минтақаҳои Рӯшону Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 10 ҳолати фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст. Дар 7 маврид оқибатҳои тармафароӣ бартараф карда шуда, корҳои бартарафсозии пайомади се тарма дар минтақаҳои Рӯшону Ишкошим идома доранд. Талафот ва хисорот ба қайд гирифта нашудаанд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Наҷотдиҳандагони воҳидҳои зудамали Кумитаи мазкур бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода навбатдории шабонарӯзиро идома медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, хатари фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳамоно зиёд аст.

Барои бартараф намудани оқибатҳои тармафароӣ ва тоза кардани роҳҳо хадамоти роҳдории Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо кардаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз сокинон даъват мекунад, ки аз сафари безарурат ба манотиқи тармафароӣ худдорӣ карда, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.

АКС: КҲФ ва МГ

Февраль 7, 2022 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд