Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани маърифати молиявии бонувон машварат доир шуд

Февраль 17, 2022 08:46

ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ» бо иштироки  занони фаъоли бонк дар мавзӯи   «Баланд бардоштани саводнокии молиявии бонувони Бонки миллии Тоҷикистон» машғулияти омӯзишӣ баргузор намуд. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки машғулият аз ҷониби Шӯрои бонувони Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардида, самти он ба такмили маърифати молиявии бонувони бонк нигаронида шуд.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода, ки ҳамзамон роҳбарии Шӯрои бонувони бонкро ба уҳда дорад, аз таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба бонувон ёдовар шуд. Мавсуф афзуд, ки нақши занон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ назаррас буда, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Ҷалби бештари бонувони масъулиятшиносу меҳнатдӯст ба вазифаҳои роҳбарикунанда гувоҳи ин гуфтаҳост.

Дар машварати омӯзишӣ сармутахассиси идораи низоми пардохт Камила Сайисмонова ва мутахассиси пешбари идораи муносибатҳои байналмилалӣ Нозанин Тоҳирова ҳамчун тренерони Фонди хазинаи амонатӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (Олмон) доир ба мафҳуми саводнокии молиявӣ, маҷмӯи огоҳиҳои молиявӣ, дониш, малака ва муносибат, ки барои қабули қарорҳои оқилонаи молиявӣ ва дар ниҳояти кор ба даст овардани некӯаҳволии молиявӣ зарур мебошад, рӯнамоии муфассалро манзури аҳли нишаст гардониданд.

Зимни пешниҳоди рӯнамо зикр шуд, ки азхудкунии саводнокии молиявӣ ба занон имконияти васеъ фароҳам меорад, ки онҳо даромаду хароҷоти оиларо ба нақша гирифта, роҳҳои мусоиди афзун кардани даромадро дарёфт намоянд, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро, ки ба кам кардани хароҷоти беҳудаю бемаврид ва афзун шудани буҷаи оила ва ба ин васила боло бурдани фарҳанги пасандозкунӣ равона шудааст, риоя намоянд.


Зикр гардид, ки баланд бардоштани дараҷаи дониши молиявӣ-калиди беҳбудии иқтисодиёти аҳолӣ буда, ҷоришавии амалиёти нав ба нави технологию молиявӣ, занҳоро водор месозад, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз донишу малакаи касбӣ барои рушди кишварамон  саҳми арзанда гузоранд. Маҳз сатҳи баланди маърифати молиявӣ шарти муҳимтарини рушди устувори кишвар мебошад, ки некӯаҳолии ҳар шаҳрванд аз он вобаста аст.

Ҳадафи баргузории ин чорабинӣ мусоидат намудан ба баланд гардидани сатҳи саводнокии молиявии занон мебошад, зеро бонувон барои пойдории вазъи иқтисодӣ дар оила нақши муҳим мебозанд.

Машварати омӯзишӣ дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои Шӯрои бонувони Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии бонувон доир гардида, барои васеъ кардани имконияти молиявии бонувон ва ба ин васила таъмини рушди устувори низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, сармояи инсонӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар маҷмӯъ, ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ нигаронида шудааст.

 

АКСҲО: Бонки миллии Тоҷикистон

Февраль 17, 2022 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0520 то 11.0600 сомонӣ муқаррар шудааст
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд