Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаҳои табиии кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии пармашои Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин тадбир дар асоси иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани ҳисоботи нақшавии саршумори бузи кӯҳии Морхӯр дар соли 2026» андешида шуд.
Баҳисобгирии саршумори бузи кӯҳии пармашохи Морхӯр аз ҷониби мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо ниҳоду муассисаҳои илмии марбутаи ҷумҳурӣ ва хоҷагии шикор гузаронида шуд. Гузаронидани чунин чорабиниҳо дар мавзеи сукунати ҷонварони нодир барои муайян намудани вазъи воқеии саршумори бузи кӯҳии Морхӯр, ҳифзи гуногунии биологӣ ва таҳияи тадбирҳои минбаъдаи муҳофизати ин намуди нодир аҳамияти муҳим дорад.
Натиҷаҳои бадастомада барои банақшагирии чораҳои ҳифз ва идоракунии захираҳои табиӣ дар оянда заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Бояд гуфт, ки тибқи гузориши охирини Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ (IUCN), ҳоло шумораи бузи кӯҳии пармашох –Морхӯр /Capra falconeri/ дар Тоҷикистон беш аз 6000 сарро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2 майи соли 2024 ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии бузи пармашох — Морхӯр тавассути қатъномаи дахлдор қабул намуд. Бо қабули ин қатънома 24 май дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии Морхӯр эълон гардид. Қатънома аҳамияти бартараф намудани камшавии бесобиқаи ҷаҳонии гуногунии биологиро эътироф карда, ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхӯрро ҳамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст. Дар он инчунин аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи морхӯр, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, таъкид шудааст.
Бузи кӯҳии пармашох яке аз ҳайвонҳои нодири минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад. Дар Тоҷикистон ин ҷонвари нодир ба таври хеле маҳдуд паҳн гардида, дар нишебиҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳҳои Дарвоз, Ҳазрати Шоҳ, мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум», қисмати ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Вахш ва кӯҳи Сарсарак вомехӯрад. Ин ҷонвари нодир ва зебо вобаста ба мавсими сол кӯчиш мекунад. Дарозии баданаш 170 см, баландиаш 90 см, вазнаш аз 80-90 то 109 кг буда, риши дарози то 30 сантиметр дорад. Морхӯр шохҳои зебои печидаи пармамонанди пурарзиш дорад, аз ин рӯ таваҷҷуҳи шикорчиён ва сайёҳони шикорчӣ ба он зиёд аст. Ин ҷонвари зебо ба Китоби сурхи байналмилалӣ ва ҳам Китоби сурхи Тоҷикистон дохил гардидааст.
Бузи кӯҳии пармашохи Морхӯр барои тозагии экосистема, гуногунии биологӣ, сайёҳӣ ва ғайра нақши муҳим дошта, дарки ҳифзи он дар сатҳи ҷаҳонӣ бо назардошти дар рӯйхати сурхи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат қарор доштани ин ҳайвони нодир муҳим ба назар мерасад. Калонтарин популятсияи бузи кӯҳии пармашох дар ҷаҳон дар минтақаи мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон боқӣ мондааст ва он ҳамчун намуди нодири олами ҳайвонот арзёбӣ мегардад. Ин нишондиҳанда бозгӯи он аст, ки дар Тоҷикистон таҷрибаи ҳифз ва нигоҳ доштани ин ҳайвони нодир дар ҷаҳон яке аз муваффақтарин таҷрибаҳо аст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба 35-солагии Истиқлолити давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид






