Дар доираи саноатикунонии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино 10 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 16.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи саноатикунонии мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, соли 2021 дар асоси қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт 10 адад корхонаву коргоҳҳои истеҳсолии нав бо фарогирии 595 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Сино Нусратулло Салимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҳамчунин ба ҳолати 1 январи соли 2022 таъсиси ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқароршуда, дар маҷмӯъ 10 ҳазору 817 ҷойро ташкил медиҳад, ки ба корхонаю ташкилот 8650 ҷой ва ба шахсони воқеӣ 2167 ҷойи кор рост меояд.
Зикр шуд, ки соли сипаришуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1125,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 ба маблағи 208,4 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он ба 117,9 фоиз баробар аст.
Дар ин давра 3050 нафар шаҳрвандони ноҳия, ки 1721 нафарашон занонанд, бо кор таъмин шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 солҳои 2022–2026-ро бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Солҳои рушди саноат эълон намуданд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






