Дар доираи саноатикунонии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино 10 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд

Февраль 16, 2022 15:12

ДУШАНБЕ, 16.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи саноатикунонии   мамлакат, ки  яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, соли 2021 дар асоси қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт 10 адад корхонаву коргоҳҳои истеҳсолии нав бо фарогирии 595 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Сино Нусратулло Салимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҳамчунин ба ҳолати 1 январи соли 2022 таъсиси ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқароршуда, дар маҷмӯъ 10 ҳазору 817 ҷойро ташкил медиҳад, ки ба корхонаю ташкилот 8650 ҷой ва ба шахсони воқеӣ 2167 ҷойи кор рост меояд.

Зикр шуд, ки соли сипаришуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1125,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 ба маблағи 208,4 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он ба 117,9 фоиз баробар аст.

Дар ин давра 3050 нафар шаҳрвандони ноҳия,  ки 1721 нафарашон занонанд, бо кор таъмин шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 солҳои 2022–2026-ро бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Солҳои рушди саноат эълон намуданд.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

 

 

Февраль 16, 2022 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид