Дар Душанбе ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид

Февраль 23, 2022 15:03

ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба масъалаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

«Бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромаданд»,-иброз дошт Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, ки ҳамраисии ҷаласаро ба уҳда дошт. Аз ҷониби Озарбойҷон ҷаласаро Вазири кишоварзӣ Инам Керимов раисӣ менамуд.

Дар ҷаласа ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа ва технологияҳои муосир, маориф ва илм, тандурустӣ, сайёҳӣ, бонкдорӣ, варзиш, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории озарбойҷонӣ, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба мувофиқа расиданд.

Сардори Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Эраҷ Абдурҳмонов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки «Ҷумҳурии Озарбойҷон яке аз шарикони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, соли сипаришуда аз Тоҷикистон воситаҳои нақлиёти заминӣ, қоғазу картон, маҳсулот аз он ва дигар маҳсулот содирот ва аз Озарбойҷон равғани растанӣ, шакар, тухмиҳои равғандор, маҳсулоти нафтӣ ва ғайра ворид гариданд. Гардиши савдо миёни ду кишвар дар соли 2021 6,1 млн долларро ташкил намуд, ки ҷавобгӯи иқтидори ду кишвар набуда, корҳо дар ин ҷода бояд тақвият дода шаванд».

Дар ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба масъалаи равобити тиҷоратию иқтисодӣ ба самтҳои ояндадори ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳим дахл карда шуд.

Ҷаласа дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, дар анҷоми он Протокол ба имзо расонида шуд.

 

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Февраль 23, 2022 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»