Дар Душанбе барои беҳтаргардонии вазъи обтаъминкунӣ ва корезӣ татбиқи лоиҳа дар ҳаҷми 30 миллион доллар оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 17.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Барои беҳтаргардонидани вазъи бахши обтаъминкунӣ ва корезӣ дар қисмати шимолу ғарбии шаҳри Душанбе – ноҳияи Сино дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳа дар ҳаҷми 30 миллион доллари ИМА ҳамчун маблағи грантӣ оғоз гардид. Дар ин бора муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҷамшед Табарзода иброз дошт, ки ҳамчунин дар соли сипаришуда чорабиниҳои дигар ҷиҳати беҳдошти вазъи бо об таъмин намудани шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сифати оби нӯшокӣ ва безараргардонии он дар доираи барнома ва нақшаи чорабиниҳои техникии тасдиқгардида амалӣ карда шуданд.
Гуфта шуд, ки дар ин давра бо мақсади беҳдошти вазъи обтаминкунӣ дар минтақаҳои ноҳияи Шоҳмансур ва қисмати ҷанубу шарқии пойтахт Лоиҳаи «Беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе» дар асоси созишномаи грантӣ дар ҳаҷми қариб 46 миллион доллари ИМА байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки Осиёи Рушд ба имзо расида, корҳои сохтмонӣ – васлгарии хати корезӣ идома доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид






