Дар Душанбе барои беҳтаргардонии вазъи обтаъминкунӣ ва корезӣ татбиқи лоиҳа дар ҳаҷми 30 миллион доллар оғоз гардид

Февраль 17, 2022 15:40

ДУШАНБЕ, 17.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Барои беҳтаргардонидани вазъи бахши обтаъминкунӣ ва корезӣ дар қисмати шимолу ғарбии шаҳри Душанбе – ноҳияи Сино дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳа дар ҳаҷми 30 миллион доллари ИМА ҳамчун маблағи  грантӣ оғоз гардид. Дар ин бора муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҷамшед Табарзода иброз дошт, ки ҳамчунин дар соли сипаришуда чорабиниҳои дигар ҷиҳати беҳдошти вазъи бо об таъмин намудани шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сифати оби нӯшокӣ ва безараргардонии он дар доираи барнома ва нақшаи чорабиниҳои техникии тасдиқгардида амалӣ карда шуданд.

Гуфта шуд, ки дар ин давра бо мақсади беҳдошти вазъи обтаминкунӣ дар минтақаҳои ноҳияи Шоҳмансур ва қисмати ҷанубу шарқии пойтахт Лоиҳаи «Беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе» дар асоси созишномаи грантӣ дар ҳаҷми қариб 46 миллион доллари ИМА байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки Осиёи Рушд ба имзо расида, корҳои сохтмонӣ – васлгарии хати корезӣ идома доранд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2022 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд