Дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад

Февраль 28, 2022 11:46

ДУШАНБЕ, 28.02.2022/АМИТ «Ховар»/. Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон ташкил гардида, ҳамчун занҷираи марказӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) хоҳад буд.

Торнамои конфронс (www.dushanbewaterprocess.org), саҳифаҳои иҷтимоӣ дар твиттер (@DWaterProcess) ва фейсбук (Dushanbe Water Process) мунтазам бо маълумоти нав таҷдид мегарданд.

Аз ҳайатҳои расмии кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ташкилоту коршиносони соҳа ва дигар ҷонибҳои алоқаманд хоҳиш карда мешавад, ки худро ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе тавассути пайванди www.dushanbewaterprocess.org/registration/ то 6 майи соли 2022 номнавис намоянд.

Хотиррасон мешавем, ки конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» се сол пеш, моҳи июни соли 2018 дар Душанбе доир шуда буд. Зимни суханронии худ дар он Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки  раванди таҳияву пешбурди қатъномаи нави Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи миёнамуҳлати ҷараёни татбиқи Даҳсола майдони иловагиро барои ҳамкории мо фароҳам хоҳад овард.

 

ДАР АКС: суханронии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», 20 январи соли 2018. Акс: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Февраль 28, 2022 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд
Мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нишасти байналмилалӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид
Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо рӯзномаи «Умон»
Идибек Қаландар бо муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо мулоқот намуд
Дар Теҳрон масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид
Қоҳир Расулзода ҳамдардии амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба давлат ва мардуми Давлати Қатар иброз намуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори иқтисодии Тоҷикистон ва Умон баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд