Дар Душанбе лоиҳаи «Системаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ»-ро таҳия менамоянд

Февраль 16, 2022 17:00

ДУШАНБЕ, 16.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақша дорад, ки лоиҳаи «Системаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ»-ро таҳия ва татбиқ намояд. Ин масъала зимни вохӯрии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода бо директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» Саъдӣ Самадзод ва муовини директори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Талай Асилбеков баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод бо сомонаи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)».

Дар доираи оғози татбиқи ин лоиҳа мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нақша дорад, ки системаи идоракунии интеллектуалӣ таъсис дода, инчунин гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода шавад.

Дар вохӯрӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода сухан гуфта, аҳамияти таҳияи лоиҳаҳо дар соҳаи шаҳрҳои ҳушмандро таъкид кард.

Дар ҷараёни вохӯрии мазкур Барномаи “Шаҳри Сабз” мавриди муҳокима қарор дода шуд, ки лоиҳаҳои муҳими барномаи мазкур системаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, таъминоти гармидиҳӣ ва обтаъминкуниро дар бар мегирад.

Вохӯрӣ дар вазъияти дӯстона гузашта, ҷонибҳо ниятҳои худро барои ҳамкории минбаъда ва рушди муносибатҳо изҳор намуданд.

 

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»

Февраль 16, 2022 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид