Дар Душанбе масъалаҳои татбиқи лоиҳаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳидояткунандаи Лоиҳаи «Устувории ҷомеаҳои осебпазир ва аз нигоҳи озуқаворӣ ноамн ба пайомадҳои иқлимӣ ва гуногунсозии воситаҳои зиндагӣ дар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Фонди Иқлими Сабз маблағгузорӣ мегардад, доир шуд.
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода, директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, масъулини возорату идораҳои марбута — Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, Агентии обуҳавошиносӣ ва Маркази лоиҳаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои татбиқи Лоиҳа аз тарафи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ баррасӣ гардида, аз ҷониби аъзои Кумитаи ҳидояткунанда пешниҳодҳои мушаххас оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳа ироа гардиданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






