Дар Душанбе нишасти Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.02.2022 /НИАТ «Ховар»/. 24 феврал дар Душанбе нишасти сеюми Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва узвияти роҳбарияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳузури маҷозии роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа нақшаи амали Гурӯҳи корӣ дар соли ҷорӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таҳкими абзорҳои ҳамоҳангсозии байнисохторӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, танзими парвозҳои ҳавоӣ, татбиқи лоиҳаҳои авлавиятнок тибқи ҳадафҳои стратегӣ ва ташкили ҳамоишу анҷуманҳои соҳибкорӣ бо кишварҳои хориҷии мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.
Тавре дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 таъкид намуданд, «бо вуҷуди таъсири бемории сироятии КОВИД–19, дар соли 2021 ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 6,8 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 2,5 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки нисбат ба соли 2020 ҳаҷми сармоя 42 фоиз ва сармояи мустақими хориҷӣ 39 фоиз зиёд мебошад».
Дар ин росто Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан, сармояи мустақим барои бахшҳои саноати коркард мунтазам чораҷӯӣ намояд.
АКСҲО: ВКХ ҶТ










Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






