Дар ноҳияи Ашт ба истиқболи Рӯзи Модар маҳфили илмӣ – адабӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат» ба истиқболи Рӯзи Модар ва 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ маҳфили илмӣ– адабӣ доир шуд.
Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҳфил аъзои ноҳиявии Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, фаъолон, собиқадорони хизмати давлатӣ, занону бонувони касбу кори гуногун, модароне, ки фарзандашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда истодаанд, ходимон ва раисони кумитаҳои маҳалла иштирок доштанд.
Дар ҷараёни маҳфили илмӣ– адабӣ дар мавзӯъҳои «Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат», «Вазъи ҳодисаҳои номатлуб миёни занону бонувон дар сатҳи ноҳия ва роҳҳои пешгирии он»», «Мақоми зан дар замони соҳибистиқлолии кишвар», «Пешвои миллат – эҳёгари давлати навини миллӣ» ва «Модарон ҷонибдори сулҳу ваҳдатанд» маърӯзаҳо шунида шуданд.
Маҳфили мазкур дар рӯҳияи болидагӣ, шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ ҷараён гирифт.
АКС: МИҲД н.Ашт








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






