Дар ноҳияи Шаҳринав теъдоди корхонаҳои саноатӣ ба 18 адад расонида шуд

Февраль 4, 2022 14:37

ШАҲРИНАВ, 04.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2021 дар ноҳияи Шаҳринав теъдоди умумии корхонаҳои саноатии ноҳия ба 18 адад расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020  3 адад зиёд мебошад. Корхонаҳои навтаъсис асосан дар самти истеҳсол ва коркарди нӯшокиҳои машруботӣ, маҳсулоти нафтӣ, оҳану маводи сохтмонӣ ва ҳамчунин маҳсулоти хӯрокворию ширӣ фаъолият намуданд. Дар ин муддат корхонаҳои саноатӣ ба маблағи бештар аз 33 миллиону 541 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса ба соли 2020  4 миллиону 147 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ин матлабро Раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода  зимни нишасти матбуотӣ баён дошт, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  447 иншооти нақшавӣ  пурра сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Аз ин нишондиҳанда 10 иншоот аз ҷониби мақомоти давлатӣ, 318 иншоот аз ҷониби соҳибкорон ва 119 иншоот бо ҷалби аҳолӣ ба истифода дода шуданд. Корҳои таъмирию сохтмонӣ бо  харҷи умумии 42 миллиону 642 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 1277 ҷои кори доимӣ ба анҷом расиданд.

Ба иттилои роҳбарияти ноҳия, ҳадаф аз таъсиси корхонаҳои нав ва ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба кор- ин саҳмгузорӣ дар Солҳои рушди саноат (2022-2026) мебошад, ки онро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2022 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд