Дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 828,4 миллион доллари амрикоӣ дар ҳоли татбиқ қарор доранд
ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 муайян шудааст. Бо ин мақсад таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 828,4 миллион доллари амрикоӣ татбиқ шуда истодаанд.
Тавре Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаи нақлиёти кишвар дар соли гузашта имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории «Таҷдиди роҳи автомобилгарди «Кӯлоб –Қалъаи Хумб», қитъаҳои Шкев –шаҳраки Қалъаи Хумб бо дарозии 26 км, Кӯлоб –Шамсиддини Шоҳин бо дарозии 32 км, Душанбе –Бохтар, марҳилаи 1 ва 2» бо дарозии 73 км, дар маҷмӯъ 131 км роҳ бо 19 пул ва дигар иншооти роҳ ва чор долони зиддитармавии иловагӣ бо дарозии умумии 400 метр дар роҳи автомобилгарди Душанбе- Хуҷанд – Чаноқ аз километри 48 то 80 ба истифода дода шуданд.
Азим Иброҳим афзуд, ки соли гузашта корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ, бунёд ва таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Роғун-Обигарм –Нуробод, марҳилаҳои 1 ва 2, қитъаи Қизилқалъа-Бохтар, Ҳулбук –Темурмалик –Кангурт, Данғара –Оқмазор, Қалъаи Хумб –Ванҷ –сарҳади ноҳияи Рӯшон, пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор, лоиҳакашӣ, харид ва васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, чароғонкунонӣ, системаи оташхомӯшкунӣ ва назорати бехатарии нақби «Истиқлол» оғоз гардиданд. Ҳамзамон корҳо дар лоиҳаи навсозӣ ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд –Конибодом, пул аз болои дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва бунёди долони зиддитарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон дар марҳилаи оғоз қарор доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Парлумони мамлакат иброз намуда буданд, ки «давоми солҳои 2022-2026 зиёда аз 1000 км роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд».
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд






