Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Аз истеъмоли маҳсулоти хӯроки «зудтайёр»-и кӯча гӣ худдорӣ намоед!
ДУШАНБЕ, 4.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳобзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ доир ба фурӯшандагони маҳсулоти хӯроки «зудтайёр»-и кӯчагӣ гуфт, «онҳо як равғанро чанд маротиба барои тайёр кардани хӯрокҳои гуногун истифода менамоянд, бо вуҷуди он ки медонанд, ки вақте як равған чанд маротиба истифода гардид, он ба «заҳр» мубаддал шуда, ба саломатӣ зараровар мегардад». Мавсуф иброз дошт, ки дар ин кор бояд маърифати истеъмолкунандагон баланд бардошта шавад, яне шаҳрвандон аз истеъмоли чунин хӯрок бояд худдорӣ намоянд.
Ба гуфти Темурҷон Абдулваҳобзода, дар ин самт аз ҷониби мутахассисони Раёсати «Тоҷикистандарт» ҳамарӯза санҷишҳо гузаронида шуда, дар натиҷа тибқи моддаи 641- «Истеҳсол ва ба фурӯш гузаронидани маҳсулоти хӯрокворӣ» соли сипаришуда нисбат ба 239 субекти хоҷагидорӣ ба маблағи 86 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин гардидааст.
Зикр шуд, ки дар нуқтаҳои маводи хӯрокворӣ ва нуқтаҳои «тезтайёр» аз ҷониби мутахассисони «Тоҷикстандарт» ҳамарӯза санҷишҳо гузаронида шуда, ҳамзамон оид ба беҳтар намудани стандарт, сифат ва ташхиси молу маҳсулот корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 17 июни соли 2021 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва дигар мақомоти давлатӣ дар мавзӯи «Нақши Парлумони Тоҷикистон дар беҳтарсозии ғизо дар Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд. Дар он масъалаҳои беҳсозии вазъи саломатии мардум, пешгирии воридоти маводи пастсифату зиёновар, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани сифати ғизо, мусоидат ба рушди устувори кишоварзӣ, таҳияи модели устувори истеъмолот ва истеҳсолот баррасӣ гардиданд.
Аз таҳлили олимони соҳаи тиб бармеояд, ки яке аз омилҳои гирифторӣ ба бемориҳои гуногуни меъда ва сурхрӯда- ин истеъмоли хӯрокҳои зудтайёр ва аз талаботи экологӣ дурмонда мебошад, ки ин ҳолат дар даҳсолаи охир дар Тоҷикистон низ зиёд ба назар мерасад.
Зеро ғизои солим-кафили саломатӣ ва гарави масунияти қавии инсон буда, барои рушди муътадилу инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон аз ҷиҳати физиологӣ, витамин ва минералҳо зарур аст ва он бояд тавассути истеъмоли ғизо ба организми инсон ворид гарданд.
Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар самти таъмини аҳолӣ бо ғизои солим якчанд қонун, барнома ва стратегияҳо, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрока», «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғанигардонидашуда», “Стратегияи ғизо ва фаъолнокии ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024”, “Стратегия оид ба дурнамои минбаъдаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023” ва ҳоказоро ба тасвиб расонид, ки дар беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини онҳо бо ғизои солим мусоидат менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






