Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» бори аввал ба забони кореягӣ тарҷума ва дар Сеул нашр шуд

Февраль 18, 2022 13:35

ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и шоир ва мутафаккири бузурги тоҷику форс Низомии Ганҷавӣ бори нахуст ба забони кореягӣ тарҷума ва дар Сеул нашр шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории АЗЕРТАҶ.

Дар тарҷумаи он профессори Донишгоҳи Ҳосеи Ҷумҳурии Корея Ким Сеонг-Ренг ва устоди ин донишгоҳ Рамин Абосов кор кардаанд. Тарҷумаи шеър бо назардошти ҳадди аксари хусусияти забонии асрҳои миёна, бо мутобиқсозӣ ба забони кореягӣ анҷом дода шудааст. Барои муфассалтар ва осонтар фаҳмидани асар аз ҷониби хонандагон дар нашрия шарҳҳои сершумори тавзеҳотӣ оид ба истилоҳоти асримиёнагӣ, инчунин миниатюраҳои як қатор саҳнаҳои шеъри «Лайлӣ ва Маҷнун» илова карда шудаанд.

Илова бар ин, дар китоб доир ба ҳаёт ва фаъолияти Низомии Ганҷавӣ, инчунин вазъи иҷтимоию сиёсии минтақае, ки шоири бузург дар асрҳои 12-13 зиндагӣ ва эҷод кардааст, дар бораи давлатҳои дар ҳамин вақт мавҷудбуда ва давлатдорон маълумоти муфассал оварда шудааст.

Низомии Ганҷавӣ — классики бузурги адабиёти тоҷику форс, шоири лирик, ки дар назми эпикии ҷаҳонӣ саҳми бебаҳо гузоштааст, муаллифи ашъори пур аз романтизм ва тасаввуф мебошад, ки дар шаҳри Ганча таваллуд щуда, дар он зиндагӣ ва вафот кардааст.

Эҷодиёти ӯ ба шоирони бузурге, чун Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхии Румӣ ва Саъдӣ таъсир кардааст. «Хамса»-и ӯ (панҷ маснавӣ ё достон) мавзӯъҳои мухталиферо аз бахшҳои мухталифи дониш ошкор ва таҳқиқ намуда, шуҳрати зиёд касб кардааст. Қаҳрамонони ин достон — Лайлӣ ва Маҷнун, Хусрав ва Ширин, Искандар то имрӯз ҳам дар ҷаҳони ислом ва дар мамлакатҳои дигар маъруфанд.

ЮНЕСКО соли 1991-ро дар саросари ҷаҳон ба ифтихори 850-солагии шоир Соли Низомӣ ва соли 2021-ро дар Озарбойҷон «Соли Низомии Ганҷавӣ» ва таҷлили 880-солагии шоири бузург эълон карданд, ки он на танҳо дар Озарбойҷон, балки дар Тоҷикистон, Русия, Беларус, Эрон, Покистон, Туркия низ ҷашн гирифта шуд.

 

АКС: АЗЕРТАҶ

Февраль 18, 2022 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст