ДЗЮДО. Чаҳор паҳлавони тоҷик дар Гранд Слами Тел Авиви Исроил иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17-19 феврал мусобиқаи навбатӣ аз силсиламусобиқоти дзюдои ҷаҳонӣ – Гранд Слами Тел Авиви Исроил баргузор мегардад, ки дар он паҳлавонони шинохтаи тоҷик ширкат мекунанд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Дар мусобиқаи мазкур 309 варзишгар (170 мард, 139 зан) аз 34 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 варзишгари шинохта – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.
Хотиррасон мешавем, ки дар асоси барномаи мусобиқа Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев рӯзи дуюм (18 феврал), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов рӯзи сеюм (19 феврал) гӯштин мегиранд. Чун анъана варзишгароне, ки медал ба даст меоранд, соҳиби ҷоизапулӣ низ мешаванд: барои ҷои аввал 3000 евро, ҷои дуюм 2000 евро ва ҷои сеюм 1500 евро.
Ёдовар мешавем, ки ин сеюмин мусобиқаи сатҳи баланд дар соли равон мебошад. Қаблан мусобиқаи Гран Прии Португалия ва Гранд Слами Париж хеле ҷолиб баргузор гардида буданд, ки дар онҳо Комроншоҳ Устопириён иштироки фаъолона намуда, дар мусобиқаи Гран Прии Португалия сазовори медали биринҷӣ гардид.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






