Файзиддин Қаҳҳорзода ва Кассандра Колберт тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо IFC-ро баррасӣ намуданд

Февраль 19, 2022 09:53

ДУШАНБЕ, 19.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи тақвияти ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) дар мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Роҳбари минтақавии IFC барои Осиёи Марказӣ хонум Кассандра Колберт дар Душанбе баррасӣ гардид.

Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мусоҳибон масъалаҳои марбут ба дастгирии бахши хусусӣ, ислоҳот ва маъмурикунонии андоз, бозори молиявӣ ва барориши коғазҳои қиматнок, инчунин татбиқи барномаву лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиётро муҳокима намуданд.

Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд баён доштанд.

АКСҲО: Вазорати молияи ҶТ

Февраль 19, 2022 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд