ФУТБОЛ. Ҳарифони мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 муайян шуданд

Февраль 18, 2022 09:51

ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола баргузор шуда, ҳарифони дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон муайян гардиданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар натиҷаи қуръакашӣ дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022, ки 1-19 июн дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад, 16 даста ба 4 гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим шуданд. Дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-солаи Арабистони Саудӣ, АМА ва Ҷопон бозӣ мекунад.

Аз ҳар гурӯҳ ду даста мусобиқаро барои ба даст овардани медалҳо идома медиҳанд. Агар дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба ¼-финал роҳхат гирад, бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «С»– Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Малайзия вомехӯрад.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 (U-23):

Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Эрон, Қатар, Туркманистон.
Гурӯҳи «В»: Австралия, Урдун, Ироқ, Кувайт.
Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Малайзия.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, АМА, Ҷопон, ТОҶИКИСТОН.

 

АКС: ФФТ

Февраль 18, 2022 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад