ФУТБОЛ. Аввалин бозии санҷишии ҷавонони Тоҷикистон дар Туркия мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон аввалин бозии санҷиширо дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия бо дастаи ҷавонони «Ворскла»- и Украина бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ин бозии санҷишӣ дар маҷмааи варзишии «Арслон Зекӣ Демирчӣ»-и шаҳри Сиде доир гардид.
Мавриди зикр кард, ки сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев, ки ин бозиро бо ду ҳайати мухталиф баргузор намуд, ҳамаи бозингарони дар ихтиёри даста бударо озмоиш кард.
Футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии дуюми санҷишӣ дар Туркия имрӯз, 16 феврал, бо ҳамсолонашон аз Македонияи Шимолӣ рақобат мекунанд.
Бозии санҷишӣ
Тоҷикистон (U-20) – «Ворскла» (Украина, U-20) – 0:0
Тоҷикистон (U-20): Сафармад Ғаффоров (Шаҳобиддин Маҳмудзода, 69), Меҳрубони Абдурауф (Содиқҷон Қурбонов, 46), Раҳматшо Раҳматзода (Меҳрубон Каримов, 46), Шаҳриёри Иноятулло (Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, 46), Фахриддин Аҳтамов (Асадбек Зиёзода, 46), Аббос Андалебов (Азизбек Ҳаитов, 46, Ҳамзаҷон Аҳтамов, 70), Абдулло Шарипов (Меҳроб Асоев, 46), Ҳамадонӣ Камолов (Кабир Салимшоев, 46), Фатҳулло Олимзода (Бежан Нишонбойзода, 46), Алиҷони Айнӣ (Хуршед Давлатзода, 46, Суннатулло Азизов, 72), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Азизбек Далиев, 60).
АКС: ФФТ








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






