ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) бо дастаи Булғористон бозии дуюми санҷишӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 1.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонон оид ба футболи Тоҷикистон (U-16) ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Туркия идома медиҳад. 31 январ шогирдони Зайниддин Раҳимов тамрини навбатии худро дар Анталия баргузор карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар бозии сеюми санҷишӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи миллии Булғористон, ки қаблан бо он мусовӣ (1:1) бозӣ карда буд, вохӯрд. Ин дафъа бозӣ бо ғалабаи футболбозони булғорӣ — 2:1 анҷом ёфт. Дар ҳайати дастаи мо як голро Муҳаммадҷони Сатторӣ, ки дар қисми дуюм ба ҳайси ивазкунанда ба майдон баромад, ба нишон расонд.
Бозии ниҳоии назоратӣ дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркияро дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-16) рӯзи панҷшанбеи 3 феврал бо дастаи миллии Мексика баргузор мекунад.
Мавриди зикр аст, ки пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) ба Беларус рафта, дар мусобиқаи 18-умини байналмилалии «Ҷоми рушд», ки аз 6 то 13 феврал баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дар мусобиқаи шаҳри Минск дастаи мо бо дастаҳои Қирғизистон 7 феврал, Беларус 9 феврал, Озарбойҷон 10 феврал ва Қазоқистон 12 феврал бозӣ мекунад.
Бозиҳои назоратии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Булғористон (U-16) 1:1
Гол дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон: Масрур Ғафуров.
29 январ (шанбе)
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Академияи Краснодар (U-16) 1:4
Гол дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон: Масрур Ғафуров.
31 январ (душанбе)
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Булғористон (U-16) 1:2
Гол дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон: Муҳаммадҷони Сатторӣ.
3 феврал (панҷшанбе)
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Мексика (U-16)
АКС аз ФФТ








Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад






